Ссылки доступа

Ваъдаи "озодиҳои густарда" ба тиҷорат дар Ӯзбекистон


Иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дирӯз фармон дар бораи "чораҳои иловагӣ барои таъмини рушди босуръати тиҷорати хурд, ҳифзи моликияти шахсӣ ва беҳбуди босифати фаъолияти тиҷоратӣ"-ро имзо кардааст.

Дар ин ҳуҷҷат омадааст, ки таъмини "озодиҳои густарда" ба тиҷорати хурд ва соҳибкории инфиродӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ аст.

Ҳуҷҷати нав ҳамаи навъи тафтиши ногаҳонии фаъолияти субъектҳои соҳибкориро манъ мекунад. Дар ҳамин ҳол, афроде, ки бори аввал қонунвайронкунии марбут ба фаъолияти соҳибкориро анҷом медиҳанд ва довталабона зарарро ҷуброн мекунанд, аз ҷавобгарии маъмурӣ озод мешаванд.

Шавкат Мирзиёев ҳамчунин дастур додааст, ки то охири соли қонуни мубориза бо фасодкорӣ низ таҳия карда шавад.

XS
SM
MD
LG