Ссылки доступа

Охирин гуруҳи ҳоҷиёни тоҷик ба ватан бармегардад


Охирин гуруҳи ҳоҷиёни тоҷик имрӯз аз шаҳри Мадина тариқи ҳавопаймо ба Душанбе бармегарданд, хабар медиҳад Кумитаи дин, танзими анъана ва маросимҳои миллии Тоҷикистон.

Қарор аст, гуруҳи охирини зоирони тоҷик дар ҳудуди 360 нафар бо ҳавопаймоии Аэробуси ширкати арабӣ ба ватан баргарданд. Баргашти ҳоҷиёни тоҷик баъди адои маносики ҳаҷ аз таърихи 18 сентябр оғоз шуда буд ва дар навбати аввал гуруҳи 200-нафарии ҳоҷиёни тоҷик ба ватан баргашта буданд.

Илҳом Аминҷонов, сокини 55-солаи шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳарчанд дар гармии 50-дараҷаӣ азоби зиёде кашиданд, вале фаризаи Ҳаҷҷро адо карданд.

Имсол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар имкон пайдо карданд, барои адои маносики ҳаҷ ба шаҳрҳои Маккаву Мадинаи Арабистони Саудӣ сафар кунанд. Сафари ҳоҷиёни Тоҷикистон аз 21-уми август оғоз шуд ва то 5-уми сентябр идома кард.

XS
SM
MD
LG