Ссылки доступа

ICG: холигоҳи ҷомеаи Қирғизистонро дин ишғол кардааст


Гуруҳи байналмилалии буҳрон (ICG) мегӯяд, фазои холиеро, ки дар ҷомеаи Қирғизистон бар асари заъф ва фасодзадагии ниҳодҳои давлатӣ ба миён омадааст, ҳаракатҳои мазҳабӣ, аз ҷумла ифротиҳо ишғол кардаанд.

ICG дар гузориши нави худ - "Заъфи давлат ва ифротгароӣ" гуфтааст, ки созмонҳои исломӣ дар Қирғизистон аз соли 2000 ин ҷониб ду баробар афзоиш ёфта, теъдодашон ба беш аз 2 ҳазор адад расидааст. "Як қисми онҳо дидгоҳи либеролӣ доранд, вале баъзеи дигар ҷонибдори шариати исломанд", - афзудааст созмон.

Дар гузориши нави Гуруҳи байналмилалии буҳрон ба занон ҳамчун бахши осебпазири ҷомеа бештар таваҷҷуҳ шудааст. Ба назари созмон, занон дар бештари маврид тасодуфан ба гуруҳҳои тундрав мепайванданд.

Муаллифон низ таъкид кардаанд, ки афзоиши муҳоҷират ба устувории оилаҳо таъсири манфӣ мерасонад ва дар натиҷа бархе аз занон барои дарёфти дастгирӣ рӯ ба созмонҳои динӣ меоранд.

"Боиси нигаронии ҷиддӣ аст, ки бархе аз ин занон ба гуруҳҳои тундрав, аз қабили "Ҳизб ут-Таҳрир" ҷалб мешаванд", - изҳор доштааст Диердре Тайнен раҳбари намояндагии ICG дар Осиёи Марказӣ.

Бино ба гуфтаи вай, давлат бояд тавре ки дар Қонуни асосӣ қайд шудааст, озодии динии сокинонро таъмин карда, ба ин ҳақ ҳам ҳукумат ва ҳам хадамоти махсус бояд эҳтиром гузоранд. "Ба ҷуз ин, давлат дастрасии тамоми шаҳрвандонро ба таълим, новобаста аз вазъи молияшон таъмин намояд", - таъкид кардааст Диердре Тайнен.

XS
SM
MD
LG