Ссылки доступа

Ишқобод ба ифтитоҳи роҳи оҳани байналмилалии Осиё омодагӣ мебинад


Туркманистон моҳи ноябри соли равон қисмати нахустини роҳи оҳани байналмилалии Осиёро ба истифода медиҳад.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов зимни ҷаласаи махсусе масоили вобаста ба сохтмони бахши Отамурод – Имомназар ва Оқинаи роҳи оҳани Тоҷикистону Афғонистон ва Туркманистонро баррасӣ кардааст.

Бо ин ҳол, бори нахуст роҳи оҳани мазкур долони байналмилалии Осиё хонда шудааст. Ба гуфтаи Бердимуҳаммадов, роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон ба "пули тилоӣ"-и навбатии оҳанроҳи байналмилалии Осиё табдил ёфта, ва он дар навбати худ, бахши шабакаи байналхалқии иртиботи нақлиётӣ, ки Осиёро бо Аврупо мепайвандад, шумурда хоҳад шуд".

Президенти Туркманистон гуфтааст, ба истифода додани қисмати нахустини роҳи оҳан ва терминали ҳамлу нақли маҳсулоти нафтӣ дар моҳи ноябр бо Конфронси ҷаҳонии системаи нақлиётии устувор, ки СММ дар Ишқобод баргузор мекунад, ба як вақт рост меояд.

Сохтмони роҳи оҳани фаромиллии Туркманистон - Афғонистон - Тоҷикистон июни соли 2013 оғоз шуда буд.

XS
SM
MD
LG