Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон ба Гурҷистону Арманистон сафар мекунад


Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон барои ширкат дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) бо сафари расмӣ ба Гурҷистон ва сафари корӣ ба Арманистон меравад.

Таърих ва ҷузъиёти сафари Отамбоев ҳанӯз дақиқ нест. Вай ин масъаларо бо вазири корҳои хориҷӣ ва мудири шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳаш маслиҳат мекунад.

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев аз натиҷаи мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар ҳамоиши "Иттиҳоди Аврупо - Осиёи Марказӣ" ва конфронси байналхалқӣ дар мавзуи Афғонистон, ки дар Брюссел доир шуд, иттилоъ додааст.

XS
SM
MD
LG