Ссылки доступа

Москва ва Анқара созишномаи "Маҷрои Туркия"-ро имзо карданд


Москва ва Анқара созишномаи хатти лӯлаи гази "Маҷрои Туркия"-ро имзо карданд. Тавре ТАСС иттилоъ додааст, зери ин санад вазирони энергетикаи Русияву Туркия дар ҳошияи гуфтушуниди раҳбарони ду кишвар дар Истамбул имзо гузоштаанд.

Алексей Миллер, раҳбари ширкати "Газпром" қаблан гуфта буд, ки дар ин созишнома бунёди ду хатти магистралӣ ба воситаи баҳри Сиёҳ пешбинӣ шудааст. Ба гуфтаи вай, сохтмони лулаҳо бояд то декабри соли 2019 ба поён расад.

Баъди он ки Русия соли 2014 ба далели пофишории Иттиҳоди Аврупо аз сохтмони лӯлаи гази "Маҷрои ҷанубӣ" даст кашид, қарор шуд, ки лоиҳаи алтернативи дигар - "Маҷрои Туркия" амалӣ карда шавад.

Вале дар пайи буҳрони муносибатҳои ду кишвар гуфтушунидҳо дар ин самт ҳам қатъ гардид ва бо барқарор шудани робитаҳои Анқараву Москва кори лоиҳа дубора аз сар гирифта шуд.

Русия тасмим гирифтааст, маҳдудияти воридоти меваро аз Туркия қисман бекор кунад. Дар пайи ин тасмим, нахустин шуда шафтолу ва олуболуи туркӣ, ки дар минтақаҳои безарар парвариш мешаванд ба бозорҳои Русия ворид хоҳанд шуд. Дар ин бора Алексей Алексеенко, муовини раиси Росселхознадзор хабар додааст.

Аз сӯи дигар, Владимир Путин, президенти Русия низ имрӯз гуфт, ки Москва иҷозат медиҳад, то маҳсулоти кишоварзии Туркия ба бозорҳои ин кишвар ворид шаванд. Вале дақиқ нагуфтааст, ки ба воридоти кадом навъи маҳсулот иҷозат дода хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG