Ссылки доступа

Роҳбарони Тоҷикистону Туркманистон дар рӯйхати 500 мусалмони бонуфуз


Рӯйхати навбатии 500 мусалмони бонуфуз - " The Muslim 500-2017" нашр шуд. Ин феҳрастро Маркази исломии пажӯҳишҳои стратегии шоҳигарии Уммон бо пуштибонии Маркази ҳамгироии мусалмонону насрониёни Ҷорҷтаун таҳия кардааст.

Дар рӯйхати мазкур олимони бонуфуз, сиёсатмадорон, фаъолони мазҳабӣ, руҳониён и пешвоёни дин, хайрхоҳон, тоҷирон, санъаткорон, фарҳангиён, варзишгарон, афроди машҳури исломӣ ва қориёни Қуръон шомил шудаанд.

Дар садри рӯйхат имоми донишгоҳи "Ал-Азҳар"-и Миср шайх Аҳмад Муҳаммад ал-Тайиб ҷой гирифтааст. Баъди вай шоҳи Урдун ва Марокаш Абулло II ибни Ҳусайн ва Муҳаммади IV, президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон ва роҳбари маънавии Эрон оятулло Сайид Алии Хоманаӣ ҷой дода шудаанд.

Миёни мусалмонҳои бонуфуз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов низ ҳастанд. Дар рӯйхати мазкур муфтии Ӯзбекистон Усмон Алимов ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдулқодирзода, инчунин дорандаи медали тилоии бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон Дилшод Назаров низ ворид шудаанд.

Рӯйхати мусалмонҳои бонуфуз аз соли 2009 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Президенти Тоҷикистон бори севум аст, ки ба он шомил мегардад.

XS
SM
MD
LG