Ссылки доступа

Дар ҳамаи вилоятҳои Ӯзбекистон марказҳои ҳамлу нақл сохта мешавад


Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон 11 октябри соли равон сафари кориеро ба вилояти Сурхандарёи кишвараш анҷом додааст.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, Мирзиёв дар ҷараёни ин сафар аз бузургтарин терминали гумрукии "Маркази боркашонии Тирмиз" боздид кардааст. Маркази ҳамлу нақли байналмилалии мазкур барои рушди ҳамкориҳо бо Афғонистон бунёд шудааст.

Дар ҳудуди марказ, дар баробари терминали гумрукӣ, истодгоҳ барои 300 мошини боркаш, анбори нигаҳдории контейнерҳо, роҳи оҳан ва меҳмонсаро низ кор мекунанд.

Қарор аст, чунин марказҳои ҳамлу нақл дар вилоятҳои дигари Ӯзбекистон барои тавсеаи имкониятҳои содиротӣ сохта шаванд.

XS
SM
MD
LG