Ссылки доступа

СММ аз ҳукми зидди вакилони тоҷик нигарон аст


Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ бо пахши изҳороте рӯзи 12 октябр аз ҳукми адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ҷиддан изҳори нигаронӣ кард.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ин ду вакили дифоъ "дар мурофиаи амалан пӯшида" аз ҷониби Додгоҳи шаҳри Душанбе бо иттиҳомоти қаллобӣ, сохтакорӣ, "барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ" ва экстремизм мутаносибан ба 23 ва 21 сол зиндонӣ шуданд. ​

"Бузургмеҳр Ёров, раҳбари Коллегияи адвокатҳои "Сипар" моҳи сентябри соли 2015 баъди иқдомаш барои ташкили кумитаи ҳифзи аъзои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва расонаӣ кардани эҳтимоли шиканҷа шудани зерҳимояаш - муовини раиси ҲНИТ дастгир шуда буд. Баъдтар, моҳи октябри соли 2015 Нуриддин Маҳкамов, ки ҳимоятгари Ёров буд, дастгир гардида, минбаъд бо ҷурмҳои монанд маҳкум шуд. Илова бар ин, ҳарду аз машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ баъди адои ҷазо ба муҳлати 5 сол маҳрум шуданд", - таъкид шудааст дар изҳорот.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ҳукми онҳо "бо фаъолияти қонунии касбии онҳо алоқаи зич дошта, интиқом барои расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба аъзои ҲНИТ мебошад ва идораи СММ оид ба ҳуқуқи инсон аз ин амиқан нигарон аст".

Ҳарду маҳкумшуда гуфтанд, айбҳои эълоншударо эътироф намекунанд ва дар додгоҳи таҷдиди назар барои бозбинии ҳукм мубориза хоҳанд бурд.

XS
SM
MD
LG