Ссылки доступа

Остона хабари "кумакпулӣ ба шарафи 25-солагӣ"-ро рад кард


Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Қазоқистон хабари инро, ки гӯё бахшида ба 25-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ ба шаҳрвандони ин кишвар кумакпулии яквақта дода мешавад, рад кард.

Ахиран як қатор расонаҳои Қазоқистон дар ин бора иттилоеро нашр карданд, ки ба воситаи паёмакрасони WhatsApp паҳн гардид.

Дар ин изҳорот гуфта шудааст, "вакилони порлумон тарҳи қонунеро тасвиб карданд, ки бар пояи он сар аз 1 ноябри соли 2016 бахшида ба 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии кишвар ба шаҳрвандон 25 ҳазор тангаӣ (наздики 75 доллари ИМА) дода мешавад".

Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Қазоқистон субҳи имрӯз бо нашри як изҳорот гуфт, иттилоъ дар бораи кумакпулии яквақта, ки ба воситаи WhatsApp паҳн шудааст, асос надорад.

XS
SM
MD
LG