Ссылки доступа

Отамбоев барои ширкат дар ҷаласаи СПАД вориди Ереван шуд


Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон дар доираи як сафари корӣ ба Арманистон рафтааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон, Отамбоев зимни ин сафараш дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) иштирок хоҳад кард.

Раҳбарони кишварҳои узви СПАД - Арманистон, Белорус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон мушкилоти минтақавию байналмилалӣ ва чораҳои якҷоя барои мубориза бо хатару таҳдидҳои муосирро баррасӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG