Ссылки доступа

Тоҷикистону Қазоқистон расман шарики стратегӣ шуданд


Сенат ё маҷлиси болоии порлумони Қазоқистон охири ҳафтаи гузашта аҳдномаи шарикии стратегиро бо Тоҷикистон тасвиб кардааст. Аҳдномаи шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон рӯзи 14 сентябри соли гузашта дар ҷараёни сафари расмии Нурсултон Назарбоев ба Душанбе имзо шуд.

Дафтари матбуоти Сенати Қазоқистон бо нашри иттилоияи расмӣ гуфт, ин аҳднома ҳарду тарафро уҳдадор мекунад, аз истифодаи таҳдиду зӯрӣ зидди якдигар худдорӣ карда, бо ҷониби севум, ки ба амнияту қаламрав ва истиқлолашон таҳдид дорад, шартномаи ҳамкорӣ имзо накунанд.

Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ ҳангоми тасвиби ин тарҳ гуфтааст, ки аҳдномаи шарикии стратегӣ ба рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат хоҳад кард.

"Дар пасманзари ҳаводисе, ки дар Шарқи Наздик ҷараён дорад, инчунин вазъи Афғонистон, фаъолшавии созмонҳои террористӣ, Қазоқистон ҳар чи бештар манфиатдор аст, ки амният дар Осиёи Марказӣ, ба хусус дар Тоҷикистон, ки ҳаммарз бо Афғонистон аст, устувор бошад", - гуфтааст Мухтор Тлеубердӣ.

Порлумони Тоҷикистон моҳи декабри соли гузашта ин ҳуҷҷатро тасвиб карда буд.

XS
SM
MD
LG