Ссылки доступа

Нерӯҳои Ироқ амалиёти озодсозии Мавсилро шуруъ мекунанд


Мақомоти Ироқ амалиёти заминии озодсозии шаҳри Мавсилро аз ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" шуруъ мекунанд. Сарвазири Ироқ Ҳайдар Ободӣ дар як мусоҳибаи телевизионӣ гуфтааст, ки ин шаҳрро артиши Ироқ ва пулиси маҳаллӣ озод хоҳанд кард.

Аз ҳаво нерӯҳои эътилофи байналхалқӣ бо сардории ИМА амалиётро пуштибонӣ мекунанд.

Шаҳри Мавсили Ироқ аз моҳи июни соли 2014 дар ихтиёри "Давлати исломӣ" аст. Ахиран низомиёни ИМА ба мавзеи ҷангҷӯён ҳамла кардаанд.

Пештар аз ин СММ ҳушдор дода буд, ки амалиёти Мавсил ба 1,5 миллион сокини он асар хоҳад кард. Эҳтимол дорад, дар ҷараёни ин амалиёт то 1 миллион сокин аз ин шаҳр ва атрофи он фирор кунанд.

Шаби шанбе артиши Ироқ дар Мавсил варақа паҳн карда, мардумро аз шуруъи амалиёт огоҳ намуд. Мақомот аз мардум хостанд, ба таҳлука наафтанд ва ба ҷойҳои амн паноҳ баранд.

XS
SM
MD
LG