Ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, дар доираи сафари вазири қирғиз ба Қазоқистон миёни ин ду кишвар чанд созишнома, аз ҷумла созишнома дар бораи буду боши шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар ба имзо расидааст.
Тибқи ин созишнома акнун муҳлати буду боши бе қайди ҷои зисти қирғизистониҳо дар кишвари ҳамсояашон то 30 рӯз тамдид шудааст. Пештар ин муҳлат ҳамагӣ 5 рӯз буд.