Ссылки доступа

Сардори Кумитаи тафтишотии Русия дар шуъбаи бемориҳои равонӣ бистарӣ шуд


Сардори раёсати амнияти дохилии Кумитаи тафтишотии Русия Михаил Максименко, ки бо айби гирифтани пора аз роҳбари ҷиноӣ Шакро Молодой боздошт шуда буд, дар шуъбаи бемориҳои равонии зиндони Бутирск бистарӣ гаштааст.

Муовини раиси Комиссияи назорати мардумии Москва Ева Меркачева мегӯяд, Максименко 15 килограм хароб шуда, роҳгардиаш бад, суханҳояш нофаҳмо ва қобилияти навиштанро аз даст додааст.

Хабари бад шудани саломатии Максименко ибтидои моҳи октябр расонаӣ шуд. Вай аз дарди сар шикоят мекард. Денис Никандров, як ҳамкори пешини Максименко, ки ҳамчунин боздошт шудааст, ба ҳомиёни ҳуқуқ гуфтааст, ҳафтае пеш Максименкоро ба "Хадамоти федеролии амният бурда буданд". Бо эҳтимоли зиёд, ба чояш доруи психотропӣ омехта кардаанд.

Ба гуфтаи Никандров, Максименко баъди баргаштан аз Хадамоти федеролӣ номашро фаромӯш карда, ҳеч касро намешиносад.

XS
SM
MD
LG