Ссылки доступа

Вазорат муҳорибаи кӯдаконро дар Грозний нақзи қоидаҳои ММА хонд


Иштироки кӯдакон дар мусобиқаи муҳорибаҳои омехта дар Чеченистон нақзи қоидаҳои ММА аст. Ин нуктаро Павел Колобков, муовини вазири варзиши Русия зимни суҳбат бо хабаргузории "Р-Спорт" баён доштааст.

Аҳмад, писари 10-солаи президенти Чеченистон Рамзан Қодиров 4 октябр зимни мусобиқаи муҳорибаҳои омехта, ки дар Грозний баргузор шуд, рақиби худро дар 14 сония ба ҳолати беҳушӣ расонида, баранда эълон гардид. Ҳамчуни ду писари дигари Қодиров Элии 9-сола ва Одами 8-сола ба рақибони худ дар вазнҳои 27 ва 35 пирӯз шуданд.

Қаблан Федор Емеляненко, раиси Иттиҳоди муҳорибаҳои омехта (ММА)-и Русия иштироки кӯдакон дар ин гуна мусобиқаҳоро маҳкум карда, гуфт, бар пояи қоидаҳои ММА ширкати кудакони то 12-сола дар ин навъи варзиш манъ аст.

Вазорати варзиши Русия бо мақсади қатъи баргузории мусобиқаҳои ҳамоҳангношуда бо иштироки кӯдакон номаеро омода кардааст. Дар ин нома ба вазорати варзиши Чеченистон машварат дода шудааст, ки баргузории мусобиқаҳои мазкурро бо ин ниҳод ҳамоҳанг кунанд.

Дар ҳамин ҳол, муовини вазири варзиши Русия мегӯяд, ин ниҳод наметавонад касеро барои баргузор кардани муҳорибаҳои кӯдакона муҷозот кунад, чун "мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест".

Ташкилкунандагони мусобиқаи ММА Grand Prix Akhmat-2016 дар навбати худ гуфтаанд, ки муҳорибаҳо рамзӣ буданд.

XS
SM
MD
LG