Ссылки доступа

Ҷасади зани масеҳӣ дар Қирғизистон бори севум ба хок супурда шуд


Дар ноҳияи Ала-Букаи Қирғизистон ҷасади Канигул Сатиболдиева, як зани масеҳии 76-сола бори севум ба хок супурда шуд. На дар қабристони мусалмонҳо ва на дар қабристони масеҳиҳо барои вай ҷой пайдо нашуд. Зеро, ин зан пайрави мазҳаби баптистии масеҳӣ буд. Дар ин бора муовини ҳокими ноҳия Калчабу Усенбоев хабар медиҳад.

Ба гуфтаи вай, рӯзи душанбе бархе аз сокинони маҳаллӣ ба гӯр кардани ин зани масеҳӣ дар қабристони масеҳиҳо зиддият кардаанд. Баъди ин ҳодиса, мақомоти маҳаллӣ тасмим гирифтаанд, ки ҷасади Канигулро дар мавзеи дигар ба хок супоранд.

Ҳоло миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ идома дорад.

Сатиболдиева 13 октябр вафот кард ва ӯро нахуст дар қабристони мусалмонҳо ба хок супориданд. Вале сокинони деҳаи Сари-Талааи ноҳияи мазкур нагузоштанд, ки ҷасади зани масеҳӣ дар қабристонашон бихобад. Баъдан, ҷасади Сатиболдиева дубора аз гӯр берун оварда, дар қабристони масеҳиҳо дафн карданд. Аммо масеҳиҳо низ зиддият нишон дода, гуфтанд, Сатиболдиева ҳаммазҳаби онҳо набуд.

XS
SM
MD
LG