Ссылки доступа

Сокини Остона барои воҳимаафканӣ якуним сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи Остонаи Қазоқистон як сокини маҳаллиро барои паҳни иттилои бардурӯғ дар бораи терроризм якуним сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии додгоҳ, ин сокини маҳаллӣ, ки ному насабаш бурда намешавад, 30 июни соли равон аз омодагӣ барои анҷоми ҳамлаи террористӣ дар маркази савдои Sine Tempore (ФМ)-и Остона ба пулис хабар додааст.

"Аммо баъди ҳозир шудани кормандони пулис ба маҳалли ҳодиса иттилои омодагӣ ба теракт тасдиқи худро наёфт", - омадааст дар иттилоияи 18 октябри хадамоти матбоутии додгоҳи Остона.

Тибқи қарори додгоҳ, маҳкумшуда муҳлати ҷазояшро дар зиндони низомаш умумӣ адо хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG