Ссылки доступа

Клинтон аз Трамп хост, робитаҳояшро бо Русия ошкор кунад


Ҳиллари Клинтон, номзад ба мақоми президентии ИМА аз Ҳизби демократ гуфтааст, рақибаш Доналд Трамп бояд тамоми робитаҳоеро, ки бо Кремл дорад, ошкор кунад.

Ҳиллари Клинтон зимни суханрониаш дар аёлати Оҳаё 31 октябр гуфт, Владимир Путин, президенти Русия барои расидани Трамп ба мақоми президентии ИМА талош дорад. Бино бар пешбиниҳои вай, гӯиё Кремл ба хотири кумак ба Трамп зидди ИМА ҳамлаҳои кибериро роҳандозӣ кардааст.

Доналд Трамп дар навбати худ иддаои Клинтонро, ки мегӯяд ӯ "одам"-и Русия аст, рад мекунад.

Аз сӯи дигар, Москва низ иддаои дахолати Кремл дар интихоботи президентии ИМА-ро рад карда, Ҳиллари Клинтонро ба барангехтани адоват зидди Русия дар маъракаи пешазинтихоботияш айбдор мекунад.

Қарор аст, интихоботи президентии ИМА 8 ноябр баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG