Ссылки доступа

Тамрини зиддиҳавоии Украина дар наздикии Қрим


Вазорати дифои Украина тасдиқ кардааст, ки дар вилояти Херсон, наздикии нимҷазираи ғасбшудаи Қрим ба пойфишориҳои Русия нигоҳ накарда мушакҳои зиддиҳавоияшро озмоиш хоҳад кард. Ба иттилои нерӯҳои ҳавоии ин ниҳод, тамрини мазкур қарор аст, рӯзҳои 1-2 декабри соли равон баргузор шавад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Вазорати дифои Русия дар робита ба истифода кардани Украина аз ҳарими ҳавоии соҳили баҳри Сиёҳ дар минтақаи Қрим барои партоби мушакҳояш эътироз баён карда буд. Киев ҳамчунин огоҳиномаи Москваро низ дастрас кард, ки мегӯяд, "дар сурати лағв нашудани тамрин Русия мушак ва дастгоҳҳои партобкунандаи Украинаро ҳадаф қарор хоҳад дод".

Росавиатсия низ ин тасмими Украинаро "талоши навбатии шарҳнопазир барои таҷовуз ба ҳарими ҳавоии Русия" хондааст.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи қувваҳои мусаллаҳи Украина дар посух ба изҳороти ҷониби Русия гуфтааст, ба амнияти сокинони Қрим чизе таҳдид нахоҳад кард. "Тамрин танҳо дар ҳарими ҳавоии Украина дар фазои баҳр бар пояи ҳуқуқи байналмилалӣ гузаронида хоҳад шуд".

Озмоиши мазкур бо иштироки ҳайати ҳарбӣ, ҳамлу нақли ҳавоӣ, нерӯҳои зиддиҳавоӣ, радио-техникӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин гузаронида хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG