Ссылки доступа

Парвозҳо миёни Душанбеву Тошканд эҳтимол, баъди як моҳ барқарор шавад


Парвозҳо миёни Тошканду Душанбе, ки тайи тақрибан 25 соли охир қатъ шуда буд, аз моҳи январи соли 2017 оғоз меёбад. Дар ин бора рӯзи 30 ноябр миёни ҳайатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон санади ҳамкорӣ имзо шуд.

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, парвозҳоро аз ҷониби Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ва аз тарафи Ӯзбекистон "Ӯзбекистон ҳаво Йуллари" адар як ҳафта ду бор анҷом медиҳанд.

Вазири нақлиёт мегӯяд, баъд аз имзои протокол ҳукумати Тоҷикистону Ӯзбекистон вазифадор шудаанд, ки созишномаҳои байниҳукуматиро дар ин замина тасвиб кунанд. Он вақт дар созишнома масъалаи парвозҳо миёни на танҳо Тошканду Душанбе, балки шаҳру минтақаҳои дигар ҳам таъкид мешавад.

Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гуфт, ҳайати Ӯзбекистон рӯзи чоршанбе аз фурудгоҳ ва терминали байналмилалӣ дидан карда, "барои ҳамкорӣ дар гуселу қабули мусофирон бо фурудгоҳ тавофуқ карданд".

Парвозҳо миёни шаҳрҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон, аз ҷумла дар масири Тошканд – Душанбе ҳанӯз соли 1992, дар пайи оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ шуда буданд.

XS
SM
MD
LG