Ссылки доступа

Ӯзбекистон дар давраи интихобот марзҳояшро намебандад


Рӯзҳои баргузории интихоботи президентии Ӯзбекистон марзҳои давлатии ин кишвар баста нахоҳанд шуд.

Музраф Икромов, вазири адлияи Ӯзбекистон дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфтааст, ки ҳеч гуна маҳдудият ҷорӣ намешавад ва сокинон метавонанд рӯзҳои интихобот, бахусус 4 декабр аз роҳи заминӣ ба кишвар ворид шаванд ё аз он берун раванд.

Дар остонаи рӯзҳои баргузории интихобот бархе аз шаҳрвандон Ӯзбекистон нигарон буданд, ки оё 4 декабр марзҳои давлатии кишварашон, ба мисли баъзеи идҳои дигари давлатӣ ба хотири таъмини амният баста хоҳанд шуд ё не.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи якшанбе, 4 декабри соли равон дар Ӯзбекистон интихоботи президентӣ баргузор мешавад. Бар пояи қонунгузории ин кишвар, шаҳрвандоне, ки рӯзи интихобот дар маҳалли зисташон нестанд, метавонанд пеш аз муҳлат раъй диҳанд.

Раъйдиҳии пешазмуҳлат 10 рӯз пеш шуруъ шуда, то як рӯз мондан ба интихобот идома хоҳад ёфт. Ба иттилои Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон, то 29 ноябр алакай 53 ҳазору 501 кас овоз додаанд.

XS
SM
MD
LG