Ссылки доступа

Отамбоев: Путин ва Назарбоев аз ман хостанд, як даври дигар президент монам


Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон мегӯяд, ҳамтоёни русу қазоқаш - Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев аз ӯ хостаанд, ки як давраи шашсолаи дигар кишварашро раҳбарӣ кунад.

"Вале ман гуфтам, ки не, наметавонам. Зеро мардуми мо дигар аст ва касеро муносиб бинад, интихоб мекунад", - посух додааст Отамбоев.

Вай меафзояд, интихоботи президентии Қирғизистон одилона ва шаффоф баргузор хоҳад шуд.

"Баъд аз интихоботи порлумонӣ ягон тазоҳурот баргузор нашуд. Албатта, ҳолатҳое мушоҳида шуд, ки сокинон раъйи худро фурӯхтаанд, вале дар умум вазъи интихоботҳо аз пештара дида фарқ мекунад", - изҳор доштааст президенти Қирғизистон.

Дар ин кишвар соли 2017 интихоботи президентӣ дар назар аст. Тибқи қонунгузории Қирғизистон, як нафар ҳақ надорад бештар аз як давраи шашсолӣ роҳбари давлат бошад.

XS
SM
MD
LG