Ссылки доступа

Президенти Тоҷикистон бо сафари расмӣ вориди Прага шуд


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми ширкаташ дар ҳамоиши оби Будапешт шоми 30 ноябр вориди шаҳри Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех шуд.

Қаблан дафтари матбуоти ҳукумати Чехия хабар дода буд, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1 декабр сурат гирифта, мулоқоти ӯ бо президенти Чехия Милош Земан ва нахуствазири ин кишвар Богуслав Соботка дар назар аст.

Ин сафари Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ду соли сафари Милош Земан, президенти Ҷумҳурии Чех ба Тоҷикистон сурат мегирад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ҷараёни сафари Земан ба Тоҷикистон ду тараф "дар баробари вазъи ҳамкориҳо, мавзӯъҳои доғе ба мисли сиёсати минтақа ва байналмилалиро баррасӣ карданд".

Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чехия 5 июни соли 1992 барқарор шудааст. Вале аз он замон то кунун сафоратхонаи кишварҳо бевосита дар пойтахтҳои ин ду кишвар боз нашуд ва мизони табодули молу коло миёни онҳо чандон баланд нест. Ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Тоҷикистон ва Чехия дар соли 2015 беш аз дусад ҳазор долларро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG