Ссылки доступа

Сокинони Зинги Дарвоз шабҳои зимистонро дар хайма рӯз мекунанд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз рӯзи 30-уми ноябри соли 2016. (видео аз Директ)

- Сокинони Зинг зимистонро дар хаймаҳо пешвоз мегиранд. Оилаҳое, ки 6 моҳи пеш дар деҳаи Зинги Дарвоз бар асари боришоти зиёд ва омадани сел хонаҳои худро аз даст доданд, дар хайма шабро рӯз мекунанд. (видео)​

- Ҷумъахон барои Кастро ашк мерезад. Хабари марги Фидел Кастро, раҳбари пешини Куба, як сокини 79-солаи шаҳри Кӯлобро дар Тоҷикистон ғамзада кард. (видео)

- Гавазн - дар хидмати сокинон. Дар ҷазираи ҷопонии Ҳоккайдо гавазни шимолӣ барои мизоҷон "питса"-и гарм мерасонад. (видео)

- Назарбоев ва дугонаҳои сангии вай. Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ин кишварро аз соли 1989 бе танаффус идора мекунад. Ҳам дар Қазоқистон ва ҳам дар хориҷ аз он чанд пайкараи Назарбоев сохта шудааст. (нигористон)

- Дар Амрико мавсими ҷашнҳо фаро расид. Садҳо сокин барои рушан кардани чароғакҳои Арчаи солинавӣ дар National Harbor ҷамъ шуданд (видео аз Директ)

- Муаррифии суруди "Елбаси". Бахшида ба Рӯзи президенти нахустин ва 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Қазоқистон дар театри "Остона Опера" шоми консертие бо номи "Ба ту самимона эҳдо мекунем" баргузор шуд. (видео аз Директ)

- Чи гуна бо бемории ВИЧ дар Русия метавон зинда монд (видео аз Директ)

-Имомҳои қазоқ барои аз нав тарбия кардани ифротгароён ба зиндонҳо рафтанд. Дар ҳар як маҳбаси Қазоқистон намояндае аз Идораи мусулмонони ин кишвар вазифадор шудааст, то миёни зиндониён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронад. (Настоящее время)

- Чи гуна ХФИҶ барои буҷааш мубориза мебарад. Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо (ХФИҶ) тасмим дорад, соли 2019 хароҷоти ғизои ҳар як маҳбусро дар рӯз то ба 64 рубл коҳиш диҳад. (гузориши Настоящее время)

- 77 сол пеш СССР зидди Финландия "ҷанги зимистона"-ро оғоз кард. 30 ноябри соли 1939 артиши Шӯравӣ марзро убур карда, ба ҳамсояи шимолу ғарбиаш дастаҷамъона ҳамла кард. Амалиёти ҷангӣ 105 рӯз идома кард. Барои ишғоли минтақае ба дарозии 120 километр нерӯҳои шӯравӣ камаш даҳ баробар бештар аз финҳо хисорот диданд (гузориши Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!​

XS
SM
MD
LG