Ссылки доступа

Туркманистон бо норасоии ғизо мубориза мебарад


Дар Туркманистон аз 7 декабр тарҳи нави қонун "Дар бораи амнияти озуқаворӣ", ки ба иддаои мақомот, аз эҳтимоли норасоии ғизо дар ин кишвар пешгирӣ мекунад, ба иҷро даромад.

"Бо мақсади пешгирии норасоии ғизо мувофиқи меъёрҳои озуқаворӣ ва эҳтиёҷи сокинон ба маҳсулоти ниёзи аввалия ва маводи хом андешидани чораҳои иқтисодӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқӣ зарур аст", - омадааст дар матни қонун.

Президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 23 ноябри соли равон қонуни мазкурро имзо кард ва гуфт, он самтҳои асосии сиёсати Туркманистонро дар бахши таъмини амнияти озуқавории давлат муайян намуда, асоси ҳуқуқии шаҳрвандон барои ғизои зарурию босифат аст.

Қабули тарҳи нави қонун бо афзоиши мудовими нархи маҳсулоти озуқаворӣ ва камёфт гардидани баъзе аз намуди онҳо тавъам уфтод. Тайи ҳафтаи ахир арзиши маҳсулоти ширинию саноатӣ, донагӣ, хушкмева ва мева дар бозорҳои Ишқободу Туркманобод тақрибан ду баробар боло рафтааст.

Ҳудуди чаҳор ҳафта мешавад, ки дар мағозаҳои давлатии Туркманистон ҳолатҳои қатъ ё маҳдуд шудани фурӯши шакар ва равғани растанӣ мушоҳида мешавад.

XS
SM
MD
LG