Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар якҷоягӣ бо хадамоти зиддикоррупсионӣ ва вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Актюбинск ва вилоятҳои дигар амалиёти боздошти гумонбаронро ба роҳ мондааст.
"Дар ҷараёни амалиёт онҳое, ки дар дуздии нафт гумонбар мешуданд, боздошт ва мошини нафткашашон мусодира шудааст", - омадааст дар хабар.
Моҳи июн дар Оқтеппа чанд ҳамлаи мусаллаҳона рух дод. Мақомоти ин ҳамлаҳоро теракт номиданд. Дар ҷараёни амалиёти мақомот чанд ҷангҷӯ кушта шуд.