Ссылки доступа

Мирзиёев ба ҳайси президент аввалин сафарашро аз Русия оғоз мекунад


Шавкат Мирзиёев, президенти тозаинтихоби Ӯзбекистон нахустин сафари расмиашро аз Русия шуруъ мекунад. Дар ин бора расонаҳои Русия хабар медиҳанд. Мирзиёеви 59-сола дар интихоботи президентӣ, ки 4 декабр барпо шуд, бо касби бештар аз 88 дарсади раъйи мардум пирӯз шуд.

Маросими савгандёдкунии Мирзиёев то охири моҳи декабр сурат мегирад ва вай зимистон ё баҳори соли 2017 ба Русия хоҳад рафт.

Шавкат Мирзиёев дар мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин дар Самарқанд, ки 6 сентябр барпо шуд, гуфта буд, ки барои Ӯзбекистон муносибат бо Русия "шарикии стратегӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд".

XS
SM
MD
LG