Ссылки доступа

Нахустин истеъфои як раиси федератсияи варзишӣ дар Тоҷикистон (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон аз 7 декабр (видео аз Директ)

- Машварат ба президенти Тоҷикистон: аз бӯҳрон бояд раҳо шуд. Зимни як мизи гирд соҳибназарони тоҷик Нуралӣ Давлат ва Меҳмоншоҳ Шарифзода машваратҳои худро ба Эмомалӣ Раҳмон ироа карданд. (видео аз Директ)

- Нахустин истеъфои як раиси федератсияи варзишӣ дар Тоҷикистон: Исматулло Хоҷаев аз мақоми раиси Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон бо хоҳиши худ истеъфо додааст. Вай ба ин вазифа 4-уми апрели соли 2015-ум интихоб шуда буд. (видео)

- Раиси пешини бозори "ИНОМ": Ба худо супурдам. Бурҳон Абдуллоев, раиси пешини бозори "Ином", мегӯяд, охири моҳи ноябри имсол бар пояи Қонуни афв раҳо шуд ва феълан дар ҳалқаи пайвандонаш аст. (видео аз Директ)

- Пошхӯрии империя. 8 декабри соли 1991 раҳбарони Русия, Украина ва Белорус эълон карданд, ки СССР "дигар вуҷуд надорад" (нигористон)

- Дар ИМА 75-умин солгарди ҳамла Перл-Харборро қайд карданд. Шоҳидони фоҷеа он рӯзро хуб дар ёд доранд (видео аз Директ)

- Гази карбон дар бухориҳои шумо. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон, 79 одам, аз ҷумла 13 кӯдак дар мавсими гармидиҳии 2015-2016 аз гази корбон ба ҳалокат расидаанд. (видео аз Директ)

- Қрим: тахриби хонаҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ ва барфи нахустин. Чанд манзилро барои бунёди шоҳроҳи нави "Таврида" вайрон мекунанд? (видео Директ)

- Ихтиёриҳои қарздору соҳибфарзанд: он чи дар бораи парасторҳои кушташудаи рус дар Сурия маълум аст. Ҷасади парасторон Галина Михайлова ва Надежда Дураченко дар зодгоҳашон, шаҳри Биробиджан ба хок супорида мешавад (Настоящее время)

- Дар Брюссел мулоқоти вазирони дифои НАТО баргузор шуд (гузориши Настоящее время)

- Журналистон лозим нестанд: барои чи Трамп муошират ба воситаи Твиттерро беҳтар мешуморад. Трамп намехоҳад, бо матбуот робита дошта бошад, бахусус бо расонаҳое, ки ба назараш, нисбати ӯ хушбин нестанд. Вале расонаҳои "хушбин" шикояте надоранд. (гузориши Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!​

XS
SM
MD
LG