Ссылки доступа

Рӯзноманигори қримӣ дар ҷудоихоҳӣ айбдор шуд


Николай Семен, рӯзноманигор аз Қрим дар ҷудоихоҳӣ айбдор шуд. Дар ин бора вакили дифои вай Эмил Курбединов дар Фейсбук хабар медиҳад.

Вакили дигари Семен - Андрей Сабинин мегӯяд, се дархост пешниҳод кардааст. Аммо муфаттиш дархостҳоро рад кардааст.

Парвандаи Семенро бахши қримии Хадамоти федеролии амнияти Русия 19 апрел кушода буд. Ӯро дар даъвати оммавӣ ба сарнагунии тамомияти арзии Русия айбдор карданд. Семен гӯё дар мақолаи "Муҳосира - қадами нахустин дар роҳи озодии Қрим", ки дар сомонаи "Қрим.Воқеиятҳо" нашр шуд, ба сарнагунии тамомияти арзии Русия даъват кардааст.

Дар айни ҳол рӯзноманигор ҳаққи хуруҷ аз маҳалли зисташро надорад. Николай Семен айби эълоншударо рад мекунад.

XS
SM
MD
LG