Ссылки доступа

Гузоришгари махсуси СММ аз Порис хост, Аблязовро истирдод накунад


Нилс Мелтсер, гузоришгари махсуси СММ оид ба масъалаҳои шиканҷа рафтори дигари бераҳмона, ғайрибашарӣ ва пастзанандаи шаъни инсонӣ аз мақомоти Фаронса даъват кардааст, ки Мухтор Аблязов, бонкдори пешин ва мухолифи ҳукумати Нурсултон Назарбоевро ба Қазоқистон истирдод накунанд.

Мелтсер 7 декабр бо нашри як изҳорот гуфтааст, Фаронса набояд шахсеро, ки шиканҷа шуданаи ӯ дар ватан дақиқ аст, бозпас фиристад.

Бино ба иттилои Нилс Мелтсер, 9 декабри соли равон Шӯрои давлатии Фаронса бояд дар бораи истирдоди Аблязов тасмим гирад. Ба назари гузоришгари махсуси СММ, Аблязовро барои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва доштани назарҳои мухолиф нисбати ҳукуматдорони Қазоқистон таъқиб мекунанд. Вай зикр кардааст, ки бо Аблязов қаблан, ҳангоми нигаҳдорӣ шуданаш дар зиндонҳои Қазоқистон бадрафторӣ сурат гирифтааст.

Мелтсер мегӯяд, агар Шӯрои Фаронса ба истирдоди Аблязов иҷозат диҳад, эҳтимол дорад, бонкири қазоқ тайи чанд рӯз ё ҳатто соат ба Русия интиқол дода шавад. Гузоришгари СММ бовар дорад, ки Русия Аблязовро ба Қазоқистон, ки эҳтимоли шиканҷа шуданаш дар онҷо вуҷуд дорад, таслим хоҳад кард.

Мухтор Аблязов, собиқ раиси шӯрои мудирони БТА Бонк аз тобистони соли 2013 дар Фаронса маҳбус аст. Мақомоти Қазоқистон, Русия ва Украина ӯро ба тақаллубкории молӣ ва дуздии пул аз БТА Бонк айбдор мекунанд. Вале худи мухолифи қазоқ ин айбҳоро рад карда, мегӯяд, парвандаҳои ӯ ангезаи сиёсӣ доранд.

XS
SM
MD
LG