Ссылки доступа

Ҳукумати Қирғизистон барномаи мубориза бо тундгароӣ қабул мекунад


Ҳукумати Қирғизистон барномаи давлатии мубориза бо терроризм ва тундгароии диниро омода ва қабул мекунад. Дар ин бора хадамоти матуботии девони вазирони он кишвар иттилоъ медиҳад.

Ноиб-сарвазири Қирғизистон Жениш Раззоқов гуфтааст, бо назардошти ҷаҳонӣ шудани хатари тундгароии динӣ ва терроризм, қабул шудани чунин барнома муҳим аст.

Таваҷҷӯҳи махсус ба пешгирии тундгароии динӣ дар ҷамъият, ба вижа, миёни ҷавонон равона мешавад.

Раззоқов афзудааст, ки бояд сатҳи ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ, махсусан мақомоти ҳифзи тартибот ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар пешгирии фаъолиятҳои тундгароӣ баланд бардошта шавад.

XS
SM
MD
LG