Ссылки доступа

Мавқеи Қирғизистон дар шохиси мубориза бо коррупсия 41 зина боло рафтааст


Қирғизистон мавқеашро дар раддабандии Созмони шафофияти байналмилалӣ (Transparency International) оид ба вазъи мубориза бо коррупсия 41 зина боло бурдааст.

Ин нуктаро Индира Ҷолдубаева, додситони кулли Қирғизистон зимни як конфронс дар шаҳри Бишкек баён доштааст.

Ба гуфтаи вай, Қирғизистон соли равон дар раддабандии мазкур миёни 166 кишвар мақоми 123-умро касб кардааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2012 дар зинаи 164-ум қарор дошт.

Ба ин натиҷаҳо нигоҳ накарда, намояндагони Transparency International ба мақомоти қирғиз тавсия медиҳанд, ки мубориза бо коррупсияро пурзӯр кунанд.

Конвенсияи СММ зидди коррупсия 9 декабри соли 2003 қабул шудааст ва то ҳол онро беш аз 170 кишвари дунё имзо кардаанд.

XS
SM
MD
LG