Ссылки доступа

Созишномаи ҷаҳонии коҳиши истихроҷи нафт имзо шуд


Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) якҷо бо истеҳсолкунандагони нафт дар 15 соли охир бори аввал барои кам кардани истихроҷи маҳсулоти нафтӣ созишномаи ҷаҳонӣ имзо карданд.

Дар ҷаласаи фаврии Вена Русия розӣ шуд, ки истихроҷи рӯзонаи нафтро 300 ҳазор бушка, Мексика - 100 ҳазор, Озарбойҷон - 35 ҳазор, Уммон - 40 ҳазор ва Қазоқистон - 20 ҳазор бушка кам кунанд.

Ҳамчунин қарор шудааст, ки барои иҷрои созишномаи мазкур кумита таъсис дода шавад. Аз кишварҳои узви ОПЕК Алҷазоир, Кувейт, Венесуэла ва аз кишварҳои ғайри ОПЕК Русия ва Уммон ба ҳайати кумита шомил мешаванд.

Ду ҳафта пеш ОПЕК хабар дод, ки дар 8 соли охир бори аввал истихроҷи нафтро 1 миллиону 200 ҳазор бушка дар рӯз кам кардааст.

Бештар аз ду соли охир арзиши ҷаҳонии нафт пайваста коҳиш меёбад, ки ба буҷаи аксар кишварҳо таъсири манфӣ расонида, дар бархе ҳолатҳо боиси норозигии мардум шудааст.

XS
SM
MD
LG