Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон муҳофизати дарахти арча пурзӯр мешавад


Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон бо таъсиси як ситод дар арафаи Cоли нав мехоҳад аз буридани арчаҳо дар манотиқи кишвар пешгирӣ кунад. Ба гуфтаи мақомот, дар арафаи Соли нав ба баҳонаи мондани арча ҳолатҳои ғайриқонунӣ буридани ин навъи дарахт бештар мешавад.

Сайфиддин Шарифов, муттахасиси Раёсати наботот ва ҳайвононоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд, дар арафаи Соли нав бо ташкили як ситод мавридҳои буридани дарахтон, хосатан арчаро пурзӯр мекунанд.

“Буридани арча дар ҷумҳурӣ манъ аст. Мо ҳоло вазъиятро дар тамоми ҷумҳурӣ назорат мекунем. Дар сурати ошкор шудани мавридҳои буридани арча, омилони он ҷарима мешавад. Мувофиқи моддаи 242-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дар сурати буридани арча шахси воқеӣ аз 200 то 800 сомонӣ, шахси мансабдор аз 800 то 2 ҳазор сомонӣ ва шахси ҳуқуқӣ то 8 ҳазор сомонӣ ҷарима карда мешавад", - афзуд вай.

Ҳамсӯҳбати мо, ба сокинон барои таҷлил аз соли нав харидории арчаҳои сунъиро тавсия медиҳад. “Дар тамоми мағозаҳо соҳибкорон арчаҳои сунъиро пешниҳод мекунанд, сокинон метавонанд аз онҳо харидорӣ карда Соли навро ҷашн гиранд”,- иброз дошт Шарипов.

Алихон Латифӣ, коршиноси масоили ҳифзи муҳити зист, мегӯяд, бархе аз сокинон дар арафаи Соли нав аз он сӯистифода карда, ба буридани арчаҳо даст мезананд. “Соли нав барои бархеҳо баҳона мешавад. Аслан барои ҳезум мебуранд. Лекин мардум даст ба буридани дарахт даст мезананд, чунки сӯзишворӣ намерасад, барқ нест. Барои бархеҳо ин як навъи бизнес аст. Ҳезумашро бароварда дар бозорҳо мефурӯшанд”, - афзуд Латифӣ.

Дар Тоҷикистон дарахти арча ба "Китоби сурх" ворид шудааст ва буридани он аз ҷангалзор қатъият манъ аст. Ба гуфтаи Латифӣ, назорати ҷангалҳо ва пешгирӣ аз буридани дарахтон дар кишвар ба фарқ аз солҳои қаблӣ пурзӯр шудааст. Аммо бо ин вуҷуд, масоҳати ҷангалҳо дар Тоҷикистон хеле коҳиш ёфтааст, ки ба гуфтаи коршиносони ҳифзи муҳити зист, оқибатҳои дигари нохуш, аз ҷумла эрозияи замин, биёбоншавӣ ва зуд-зуд хестани чангбод ба атмосфераро дар пай дорад.

XS
SM
MD
LG