Ссылки доступа

Трамп: иқтидори ҳастаии ИМА бояд тақвият дода шавад


Доналд Трамп, президенти тозаинтихоби ИМА даъват кардааст, ки имкониятҳои кишвараш барои сохтани силоҳи ҳастаӣ тавсеа бахшида шавад, то "ҷаҳон ба ҳуш ояд".

Хабаргузории Рейтер навиштааст, ки ин даъвати Трамп бонги ҳимоят аз талошҳои пурхарҷ барои замонавӣ гардонидани тӯпхонаи ҳастаии қадимии ИМА аст. "Иёлоти Муттаҳида бояд ба таври назаррас иқтидори ҳастаии худро тавсеа ва тақвият бахшад, то тамоми дунё дар робита ба силоҳи ядроӣ ба ҳуш оянд", - навиштааст Трамп рӯзи панҷшанбе дар Твиттер.

Каме баъдар намояндаи Трамп афзуд, ки президенти тозаинтихоб хатари паҳншавии силоҳи ҳастаӣ ва зарурати пешгирӣ аз он, бахусус миёни гуруҳҳои террористӣ ва режимҳои саркашу нопойдорро дар назар дошт. "Трамп ҳамчунин зарурати такмил ва замонавӣ кардани тавоноии Амрикоро ҳамчун воситаи муҳими расидан ба сулҳ аз тариқи нерӯ қайд кардааст", - мегӯяд намоянда Ҷейн Миллер.

Дар даҳсолаи оянда муҳлати истифодаи иқтидори стратегии ИМА, ки иборат аз мушакҳои болдор, киштиҳои зериобӣ, бомбаафкан ва мушакҳои мустақари рӯизаминӣ аст, ба поён хоҳад расид. Барои замонавӣ гардонидани тӯпхона наздики як триллион доллар тайи 30 сол лозим аст.

Президенти тозаинтихоби ИМА рӯзи чаҳоршанбе бо раҳбарони ду пудратчии бузурги дифоии Иёлоти Муттаҳида ва намояндаи Пентагон, ки масъули хариди лавозимоти ҳарбӣ аст, мулоқот кард. Трамп гуфт, зимни ин мулоқот дар бораи коҳиш додани харҷи ду барномаи саноати ҷангандаи F-35 Lockheed Martin ва ивази ҳавопаймои президентии Боинг 747-8s - Air Force One суҳбат кардаанд.

XS
SM
MD
LG