Ссылки доступа

Даъвати ИМА аз Русия барои манъи қонун дар бораи созмонҳои ғайриҳукуматӣ


Департаменти давлатии ИМА аз Русия даъват кардааст, ки қонун дар бораи "ҷосусони хориҷӣ"-ияшро бекор кунад. Ин ниҳод бо пахши як изҳорот гуфтааст, ки Русия бо ворид кардани 150 созмони ғайриҳукуматӣ ба рӯйхати "ҷосусони хориҷӣ" даст ба иқдоми таассуфовар задааст.

"Истифодаи истилоҳи "ҷосусони хориҷӣ" ба он ишора мекунад, ки ширкатҳои мазкур хоинанд", - омадааст дар изҳорот. Ба рӯйхати "ҷосусони хориҷӣ" исми ширкатҳое низ шомил шудааст, ки бо паҳншавии ВИЧ ва шиканҷа мубориза ва ҳатто аз ҳуқуқи парвандаҳои муҳоҷирон ҳимоят мекунанд.

Департаменти давлатии ИМА аз Русия хостааст, ки қонуни худро манъ карда, уҳдадориҳои байналмилалияшро иҷро кунад. "Мардуми Русия арзандаи як ҳукумати қавию демократие аст, ки ба нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ эҳтиром гузошта, ба фаъолияти муҳими созмонҳои ғайриҳукуматӣ монеа эҷод намекунад", - омадааст дар изҳорот.

Қонун дар бораи "ҷосусони хориҷӣ" соли 2012 дар Русия қабул шуд. Вазорати адлияи ин кишвар ба феҳристи "ҷосусони хориҷӣ" исми ширкатҳоеро ворид кардааст, ки ба иттилои он, аз хориҷ сармоягузорӣ шуда, фаъолиятҳои сиёсӣ пеш мебаранд.

Михаил Федотов, раиси Шӯрои ҳуқуқи инсон 8 декабр дар мулоқот бо президент Владимир Путин гуфт, ҳангоми иҷрои қонун дар бораи "ҷосусони хориҷӣ"-и Русия ба аз ҳадгузариҳо роҳ дода мешавад. Путин дар посух гуфт, барои бозбинии қонун, бахусус дар робита ба созмонҳои ҳифзи муҳити зист дастур додааст.

XS
SM
MD
LG