Ссылки доступа

Дар Қирғизистон меъёрҳои нави Конститутсия 15 январ ба иҷро медароянд


Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон қонун "Дар бораи ворид кардани тағйирот ба Конститутсия"-ро, ки дар раъйпурсии 11 декабр қабул шуда буд, имзо кард.

Қонуни мазкур 15 январи соли 2017 ба иҷро медарояд. Аммо тағйироте, ки дар моддаҳои 70, 72, 75, 81 ва 87 Конститутсия ворид шудааст, 1 декабри соли 2017 қуваи қонунӣ мегирад.

Ба гуфтаи мақомоти он кишвар, тағйирот ба Конститутсия истиқлолият ва дахлнопазириро тақвият мебахшад, парламентаризмро густариш медиҳад, асосоҳои конститутсиониро такмил месозад.

XS
SM
MD
LG