Ссылки доступа

Муовини раиси порлумони Қирғизистон истеъфо дод


Нурбек Олимбеков, муовини раиси порлумони Қирғизистон аз мақоми худ истеъфо додааст. Вай ин тасмими худро зимни ҷаласаи 28 декабри порлумони кишвараш эълон кардааст.

Ба гуфтаи Олимбеков, ӯ дар доираи як сафари шахсӣ аз рӯзҳои 16 - 22 декабри соли равон аз Тайван боздид кардааст. Ин гуна сафарро муовни раиси порлумони Қирғизистон то ба ҳол ду бор анҷом додааст. "Бо қарори кумитаи умури байналмилалӣ, дифоъ ва амнияти порлумон харҷи сафар пешбинӣ нашуда буд ва мо бо намояндагони мақомоти расмии Тайван, албатта мулоқот доштем, вале ҳеч гуна санади расмиро баррасӣ накардаем", - афзудааст вакил.

Ба гуфтаи ӯ, бо сабабҳои номаълум ВАО-и Тайван ин мулоқотҳои шахсии ӯро бозтоб кардаанд. "Вохӯриҳо аслан рабте ба сиёсати хориҷии Қирғизистон надоштанд. Мо бояд ба беҳтар гардонидани муносибатҳои Пекину Бишкек таваҷҷуҳ кунем. Манфиатҳои кишвар барои мо аз ҳама болоанд ва аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки истеъфо диҳем", - изҳор доштааст Олимбеков.

Баъди сафари мазкур Чинибой Турсунбоев, раиси порлумони Қирғизистон низ маҷбур шуд, ба шарҳи қазия пардозад. Вай гуфт, бар пояи иттилои сафорати Чин дар Бишкек, 21 декабри соли равон ҳайати порлумони Қирғизистон ба раҳбарии Олимбеков бо ҳамтоёни худ аз Тайван дидор ва гуфтугӯ кардаанд. "Ин вохӯрӣ хилофи мавқеи расмии Қирғизистон дар робита ба "масъалаи Тайван" аст, ки дар тамоми санадҳои муҳими калидии дуҷониба қайд шудааст", - афзудааст раиси порлумони Қирғизистон.

Турсунбеков қарордод дар бораи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкориҳои кишварашро бо Чин ёдовар шудааст, ки соли 2002 имзо шуда буд. Дар ин қарордод омадааст, ки ҷониби Қирғизистон зидди ҳама гуна талошҳо барои ташкили "Чини дувум" ё "Чини дигару Тайванди дигар" аст. Ин дар ҳолест, ки қарор аст ибтидои январи соли 2017 Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон аз Чин боздид кунад.

XS
SM
MD
LG