Ссылки доступа

Ҳимояти Ҷон Керри аз қатъномаи СММ зидди шаҳраксозии Исроил


Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри аз қатъномаи Шӯрои амнияти СММ дар мавриди маҳкум кардани шаҳраксозии Исроил дар қисмати шарқии Ерусалим ҳимоят карда, гуфт, таъсиси ду давлат - шарти асосии барқарории сулҳ миёни фаластиниҳо ва исроилиҳо аст.

Ҷон Керри дар пасманзари авҷ гирифтани баҳсҳои ҳукумати президенти ИМА Барак Обама бо ҳукумати сарвазири Исроил Бинёмин Натаняҳу ин суханонро баён доштааст. Муносибатҳои ноҳамвори ду кишвар баъди он ки ИМА дар Шӯрои амният аз лоиҳаи пешниҳодии Миср пуштибонӣ накард, гиреҳи нав хӯрд.

Ҳамзамон, ҳукумати нави ИМА бо роҳбарии президент Доналд Трамп, ки соли оянда сари қудрат меояд, ба таври ошкоро тасмимҳои ҳукумати Обамро танқид мекунад.

XS
SM
MD
LG