Ссылки доступа

Беш аз 100 муҳоҷири тоҷик дар Пулково дармондаанд


Ҳудуди 160 муҳоҷири тоҷик як рӯз боз дар фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербург дармондаанд.

Абуалӣ, яке аз мусофирон 29 декабр гуфт, ки парвози онҳо бояд тавассути ҳавопаймои "Уралские авиалинии" сурат мегирифт, аммо масъулони ширкат аввал замони парвозро ба таъхир андохта ва сипас гуфтаанд, "билетҳои худро супоред".

"Дар шароити хеле бад қарор дорем. Масъулони ширкат хуб суҳбат намекунанд. Ақаллан мегуфтанд, ки парвоз барои чанд соат ё чанд рӯз ба таъхир гузошта шуд, фаҳмидан мумкин буд. Тоқат кардан мумкин буд. Инҳо ҳеҷ шарҳ намедиҳанд ва танҳо мегӯянд, ки мақомоти худатон шуморо дастгирӣ намекунанд, мо чигуна дастгирӣ кунем?", - афзуд ӯ.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабари банд мондани ҳудуди 160 муҳоҷири тоҷик дар Пулковоро тасдиқ карда ва гуфтанд, ки консули фахрӣ барои расидагӣ ба ин масъала ба фурудгоҳ фиристода шудааст. Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон, гуфт, барои онҳо низ маълум нест, чаро парвози ҳавопаймои "Уралские авиалинии" ба Тоҷикистон сурат нагирифтааст.

"Моҷарои ҳавоии" Тоҷикистону Русия баъди он сар зад, ки ду ҳавопаймои ширкати русии “Ямал” рӯзҳои 20 ва 21 декабр бо тақрибан 200 мусофир натавонистанд ба Душанбеву Хуҷанд парвоз кунанд. Баъдан Русия парвози ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр”-ро ба минтақаҳои ин кишвар, ба истиснои Маскаву Санкт-Петербург манъ кард.

XS
SM
MD
LG