Ссылки доступа

Гумонбарони иштирок дар ҷанги Сурия баъди 9 моҳ аз СИЗО озод шуданд


Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон 8 сокини ноҳияи Дӯстӣ (Ҷилликӯли пешин)-ро, ки ба гумони иштирок дар ҷангҳои Сурия 9 моҳ пеш боздошт шуда буданд, раҳо кардаанд. Озодшудаҳо мегӯянд, дар пайи туҳмати шахси номаълум 9 моҳи умрашонро пушти панҷара гузарониданд.

Моҳи марти имсол кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД кишвар 32 сокини Дӯстиро, ки асосан ҷавонҳо буданд, аз деҳоти Каҷбед, Кӯлобод, Зафарабод ва маркази ноҳия бо гумони иштирок дар ҷангҳои Сурия боздошт карда, ба Душанбе оварданд. 24 тани ин гурӯҳ баъд аз таҳқиқи иттиҳом озод шуданд.

Як масъули Додситонии кулли кишвар гуфт, “миёнаравҳо дар Русия ин ҷавонҳоро дар соли 2013 ваъда додаанд, ки дар Сурия бо ҷойи кор таъмин мекунанд ва бо ин ваъда вақте ба Сурия мераванд, онҳоро ғайриинтизор ба саҳнаҳои ҷанг мебаранд.” Ба гуфтаи ӯ, азбаски ин 8 нафар иштибоҳи худро фаҳмида ва аз карда пушаймон шуданд”, тафтишот айбномаашонро тағйир дод.

Аммо Шамсиддин Фатҳиддинов, сокини 28-солаи деҳаи Каҷбед мегӯяд, ки онҳо қурбонии туҳмат шуданд. “Аз ман пурсиданд, ки ба Сурия рафтед? Гуфтам, ки Сурияро намедонам. Онҳо гуфтанд, ки бародаронатон ба мо хабар доданд. Бисёриҳо медонистанд, ки мо айб надорем, вале касе тӯҳмат карда буд, ки бар асоси он моро бурданд”, - афзуд ӯ.

Тобистони соли равон волидайни бархеи боздоштшудаҳо бо ирсоли як нома аз Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар хоҳиш карданд, ки ба қазияи фарзандонашон дахолат кунад. "Фарзандони мо бидуни асос боздошт шуда, дар натиҷаи шиканҷа иқрор кардаанд, ки гӯиё дар ҷангҳои Сурия иштирок доштанд", - омада буд дар нома.

Вале Бобоҷон Ҳалимов – муфаттиши парвандаи ҳашт сокини ноҳяии Дӯстӣ даъвои шиканҷа шудани боздоштшудаҳоро рад карда ва гуфта буд, "мо тамоми далелҳоро дорем, аз Русия ҳам гирифтем. Ягон касро бе далел маҳкам намекунанд. Ягон кас шиканҷа нашудааст. Шарт аст, ки барои исботи гуноҳашон мисли Туркия ягон ҷойро тарконанд?"айбро ба гардан гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG