Ссылки доступа

Дар Доғистон гумонбарони ташкили ҳамла дар Москва боздошт шуданд


Мақомоти қудратии Русия мегӯянд, ҳафт нафарро бо гумони ташкили ҳамлаҳо дар Москва дар рӯзҳои таҷлили Соли нави мелодӣ боздошт кардаанд. Гумонбарон мустақиман аз созмони тундгарои "Давлати исломӣ" (ДИ) дастур гирифтаанд.

Дар хабарномаи Хадамоти амнияти федеролии Русия (ФСБ) омадааст, ки боздошти гумонбарон дар ҳудуди Доғистон сурат гирифтааст. Тибқи иттилои ФСБ, гумонбарон ният доштанд дар ҷойҳои ҷамъомади мардум бо истифода аз силоҳ ва маводи тарканда ҳамла кунанд.

Ҷангҷӯён дар гузашта дар Доғистон ба пулис ва чеҳраҳои расмӣ ҳамла карда буданд. Бархе аз ҷангӯёни доғистонӣ ба ДИ пайвастанашонро ошкор кардаанд.

Мақомоти Москва мегӯянд, дар остонаи таҷлил аз ҷашнҳои солинавӣ тадбирҳои амниятиро дар пойтахти Русия тақвият медиҳанд. Аз ҷумла равуои мошинҳои боркаш манъ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG