Ссылки доступа

Ҳамдардии Назарбоев ба пайвандони 9 қурбонии Шоҳон


Президент Нурсултон Назарбоев ба наздикону пайвандони 9 сокинони Қазоқистон, ки дар натиҷаи фурӯ рафтани як бинои истиқоматӣ дар шаҳраки Шоҳони Қарағанда ҷон доданд, ҳамдардӣ баён кардааст.

Назарбоев ба ҳоким ва ниҳодҳои дахлдори вилояти Қарағанда дастур додааст, ки ба зарардидагон ҳамаҷониба кумак расонида, сабабҳои фоҷеаро муайян созанд.

Бар пояи иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ҳокимияти Қарағанда гуфтааст, ки барои наздикони қурбониён як миллионӣ ва хонаводаҳои зарардида 500 ҳазор тангаӣ ҷудо хоҳад кард. Ҳамчунин тамоми хароҷоти маросими дафни ҳалокшудаҳоро ба зимма гирифтааст

"Бар пояи қонунгузорӣ ҳаҷми хисоротро коршиносони комиссияе муайян хоҳад кард, ки феълан ба таҳқиқи сабабҳои ҳодиса машғуланд", - афзудааст хадамоти матбуотии ҳокимияти Қарағанда. Тибқи баҳои ҳайати комиссия ба зарардидаҳо ҷуброн пардохта хоҳад шуд.

Шаби 1 январ дар Шоҳони Қарағандаи Қазоқистон як бинои истиқоматӣ қисман фурӯ рафт, ки дар натиҷа 9 одам ба ҳалокат расида, 5 тани дигар, аз ҷумла ду кӯдак аз зери харобаҳо наҷот дода шуд.

XS
SM
MD
LG