Ссылки доступа

Туркманистон интиқоли газро ба Эрон қатъ кард


Туркманистон дар пайи баҳси қарз интиқоли газро ба Эрон қатъ кард. Ширкати миллии гази Эрон хабар медиҳад, ки "Туркманистон сарфи назар аз созишномаи дуҷониба аз интиқоли газ худдорӣ карда, пардохти фаврии қарзашро талаб дорад".

Мақомоти Эрон қатъи газро "поймолсозии ошкоро"-и созишнома номиданд. Ширкати гази Эрон мегӯяд, кишварҳо дар мавриди муайян кардани ҳаҷм ва фурсати пардохти қарз гуфтугӯ доранд.

Туркманистон ҳанӯз мавқеашро мушаххас накардааст. Эрон сар аз соли 1997 барои минтақаҳои шимолиаш аз Туркманистон газ мехарад, ки дар ҳоли ҳозир ҳаҷми ин муомилот солона 10 миллиард метри мукаабро ташкил медиҳад.

Моҳи декабр Теҳрон гуфт, мақомоти Туркманистон таҳдид доранд, ки дар пайи баҳси қарзи 1,8 миллиард долларӣ газро қатъ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG