Ссылки доступа

Дар Туркманистон маош 10 ва нархи маҳсулот 100 % боло рафт


Аз 1 январи соли 2017 дар Туркманистон маоши кормандони буҷавӣ, идрорпулии донишҷӯён, нафақа ва дигар кумакпулиҳо 10 дарсад боло рафт. Аммо бо назардошти гарон шудани нархи маҳсулоти ғизоӣ, маҳсулоти саноатӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ тайи моҳҳои охир харҷи сокинон 100 дарсад афзудааст.

Нимаи моҳи июли соли 2016 дар Туркманистон аз боло рафтани маош хабар расид. Баъди паҳн шудани ин хабар, дар мағозаҳо ва бозорҳо нархи маҳсулоти ғизоӣ ва маҳсулоти саноатӣ якбора боло рафт.

Давоми 6 моҳи охир дар Ишқободи Туркманистон арзиши хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум дасти кам 100 % боло рафтааст.

Тақрибан аз ду ҳафта ба ин сӯ мақомоти Туркманистон талош карданд, ки бо роҳи фишор овардан ба фурӯшандаҳо нархи маҳсулотро муътадил нигаҳ доранд. Ба ин тартиб, фурӯшандаҳо барои маҳсулот расман як нарх гузошта, амалан онро бо нархи гаронтар мефурӯшанд.

Дар Туркманистон шуруъ аз моҳи январи соли 2016 табодули асъори миллӣ ба доллари ИМА комилан мамнуъ шудааст. Баъди ин тасмим дар он кишвар якбора нархи маҳсулоти ғизоӣ ва саноатӣ боло рафт. Ҳамчунин дар Туркманистон шакар, равғани растанӣ, орд, гӯшти мурғ ва тухм камёфт шуд.

XS
SM
MD
LG