Ссылки доступа

Дар Шоҳони Қазоқистон вазъияти фавқулода эълон шуд


Ба сокинони бинои қисман фурӯрафтаи шаҳраки Шоҳони Қазоқистон иҷозат доданд, то ашёи худро бигиранд.

Субҳи имрӯз тамоми сокинони ин бино дар ҳузури намояндагони мақомоти маҳаллӣ ҷамъ оварда шуда, ба онҳое, ки ҳуҷраҳояшон хароб нагардидааст, иҷозат доданд, то ашёи худро бигиранд.

Хатари фурӯ рафтани қисматҳои дигари бино ҳамоно вуҷуд дорад. Коршиносони Донишкадаи тармим ва рушди Қазоқистон феълан осеби биноро ташхис мекунанд.

Дар шаҳраки Шоҳон вазъияти фавқулодаи маҳаллӣ эълон шудааст. Баровардани харобаҳои бино ба поён расида, шумори қурбониён афзоиш наёфтааст. Сабаби ҳодисаи мазкур таркиши дегхонаи гармидиҳии бино гуфта мешавад.

Шаби 1 январ дар Шоҳони вилояти Қарағандаи Қазоқистон як бинои истиқоматӣ қисман фурӯ рафт, ки дар натиҷа 9 одам ба ҳалокат расида, 5 тани дигар, аз ҷумла ду кӯдак аз зери харобаҳо наҷот дода шуд.

XS
SM
MD
LG