Ссылки доступа

Дар Идлиби Сурия 25 ҷангии "Ҷабҳат ун-Нусра" кушта шуд


Дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ дар шимоли Сурия, вилояти Идлиб дасти кам 25 ҷангии гуруҳи маъруф ба "Ҷабҳат ун-Нусра" кушта шудааст.

Ба иттилои Syrian Observatory for Human Rights, ҳанӯз маълум нест, ки ба мавзеъҳои "Ҷабҳат ун-Нусра" ҳавопаймоҳои Русия ҳамла кардаанд ё эътилофи ба раҳбарии ИМА.

Анқара ва Москва мегӯянд, аъзои гуруҳи мазкур аз Созишномаи оташбаси Сурия, ки ҳафтаи гузашта ба миён омад, берун карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, як қатор гуруҳҳои мухолифи Сурия бо нашри як изҳорот гуфтанд, ба иллати риоя надушани созишнома аз сӯи нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҳампаймононашон омодагӣ ба музокироти сулҳро, ки қарор аст, моҳи равон дар Остонаи Қазоқистон баргузор шавад, қатъ карданд.

XS
SM
MD
LG