Ссылки доступа

Корманди Хадамоти гумруки Тоҷикистон 12 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи Душанбе як масъули ширкати ҳамкор бо Хадамоти гумруки Тоҷикистонро барои додани санадҳои тақаллубӣ ба воридкунандагони мошинҳои сабукрав 12 сол зиндонӣ кардааст.

Як манбаъ аз додгоҳи Душанбе гуфт, Муҳибулло Додохонов, корманди як ширати ҳамкор бо Хадамоти гумруки Тоҷикистон бо роҳи тақаллубкорӣ наздик ба 500 ҳазор сомониро аз худ кардааст.

Масъули додгоҳ гуфт, ки пас аз ошкор шудани ҷиноят Додохонов фирор кард, вале бо гузашти як моҳ боздошт шуд. Аз рӯи қонун, маҳкумшуда имкон дошт баъди барқарор кардани зарари молии расонидааш аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод ва ё мӯҳлати ҷазояшро сабуктар кунад, вале ӯ ҷуброн намудани зарарро рад кардааст.

Бар пояи иттилои расмӣ, шумори мошинҳои сабукрав дар Тоҷикистон феълан ба 80 ҳазор адад мерасад. Бештари мошинҳои воридшаванда ба кишвар истеҳсоли Олмонанд.

XS
SM
MD
LG