Ссылки доступа

Мақомоти Қирғизистон гумонбари теракти Истамбулро бозпурсӣ карданд


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) Яҳё Машрабов, соҳиби шиносномаеро, ки ҳамчун гумонбари терактҳои Истамбули Туркия дар интернет нашр шуд, бозпурсӣ кардаанд. Дар ин бора намояндаи КДАМ Роҳат Сулаймонов хабар медиҳад.

"Баъди нашри иттилоъ ҷустуҷӯи фаврӣ сурат гирифт. Баъди дақиқ кардани ҷои зисти гумонбар, кормандони КДАМ ӯро ба мақомот даъват карданд. Ҷузъиёти иттилоъ баъдтар нашр мешавад", - гуфтааст Сулаймонов.

Пештар аз ин расонаҳои туркӣ навори видео ва акси шиносномаи гумонбари теракти охири Истамбулро, ки шаҳрванди Қирғизистон аст, нашр карданд. Машрабов дар мусоҳиба бо расонаҳо гуфт, ки дар ин теракт даст надорад. Машрабов афзудааст, ки 28 декабр ба Истамбул рафта, 30 декабр ба Қирғизистон баргаштааст. 31 декабр вай дар Қирғизистон буд ва 1 январ дубора ба Истамбул парвоз ва 3 январ дубора ба Бишкек омадааст.

"Дар фурудгоҳи Истамбул ман ба ҳавопаймо нишастам. Мақомот маро аз ҳавопаймо бароварданд. Онҳо як соат маро бозпурсӣ карданд. Ҳавопайморо нигаҳ доштанд. Онҳо гуфтанд, ки ман ба гумонбари теракти охир монандӣ дорам. Баъдан маъзарат хостанду маро ба ҳавопаймо роҳ доданд", - нақл кардааст вай.

Шаби 31 декабр ба 1 январ дар як клуби шабонаи Истамбул теракт рух дод. Дар натиҷа 39 нафар кушта ва 69 тани дигар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG